Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 6 август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқа барои Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа дастаҳои вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои бонкӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Ин мусобиқа 16-уми август шурӯъ шуда, то 7-уми сентябр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Дар қуръакашӣ намояндагони 18 даста иштирок доштанд.

Натоиҷи қуръакашӣ:

Гурӯҳи «А»: «Вавилон», КФ «Истиқлол», «ZTE», «TCELL», «Дӯстӣ».

Гурӯҳи «В»: «Бонки миллии Тоҷикистон», «Газпром», «Қазкоммерсбанк», «Формула успеха», «Динамо» (ВКД).

Гурӯҳи «С»: «Оҷонсии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо
коррупсия», Академияи футболи клуби «Истиқлол», «Аэропорт» (Душанбе), «Амонатбонк».

Гурӯҳи «D»: «Ориёнбонк», Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Агроинвестбонк», ОМОН (ВКД).

Бино ба иттилоъи масъулини Федаратсияи футболи Тоҷикистон, қабули дархост барои ширкат дар Ҷоми «Истиқлол» идома дорад ва дастаҳои хоҳишманд ба гурӯҳҳо илова мешаванд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG