Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар дарёҳои Тоҷикистон 73 нафар ғарқ шудаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, дар 7 моҳи аввали сол дар дарёҳои ин кишвар 73 нафар ғарқ шудаанд.
Наргис Нурова, сухангӯи ин хадамот рӯзи 5 август ба радиои Озодӣ гуфт, аз ин шумор 7 тан, аз ҷумла 5 сокини вилояти Суғд, зоҳиран бо ҳадафи худкушӣ худро ба дарё андохтаанд. Аммо 49 нафар ба иллати надонистани қоидаҳои оббозӣ ғарқ шудаанд. Дар байни онҳо як нобино ва як маризи рӯҳӣ низ будааст.
Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 август Орифшо Лашкаршоев, сокини ноҳияи Рӯшон, ҳангоми ҳаракат бо мошини "Форд" ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ҷустуҷӯи ӯ то ҳол идома дорад.
XS
SM
MD
LG