Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасан Рӯҳонӣ ба таври расмӣ оғоз шуд


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Баъд аз адои савганд рӯзи якшанбе ба таври расмӣ давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави Эрон оғоз ёфт. Ин маросим дар порламони Эрон дар ҳузури вакилон ва ҳайатҳои намояндагии бештар аз 50 кишвар анҷом гирифт.

Дар ин маросим дар миёни меҳмонони хориҷӣ Ҳавиер Солана-собиқ масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Афғонистон, Қазоқистону Туркманистон ва Покистон ҳузур доштанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин мақом маҳмуди Аҳмадинежодро, ки ду давра, яъне 8 сол раёсати ҷамҳуриро бар уҳда дошт, иваз кард. Рӯҳонӣ дар интихоботи моҳи июни раёсати ҷумҳурӣ баранда шуд.
XS
SM
MD
LG