Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Нангарҳор 8 нафар кушта шуданд


Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон дар таркиши мошини бамгузоришуда дастикам 8 нафар кушта шудаанд. Пулис мегӯяд, ки омилони ин таркиш консулгарии Ҳиндустон дар Ҷалолобод-маркази вилояти Нангарҳорро ҳадаф қарор дода буданд.

Ҳумоюн Зоҳир-як мақоми маҳаллии беҳдошт ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба шифохонаи аслии ин шаҳр баъд аз ин таркиш 22 маҷрӯҳ овардаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷаи Ҳиндустон хабар додааст, ки касе аз кормандони консулгарӣ дар Нангарҳор аз ин таркиш осеб надидааст. Ҷунбиши Толибон инкор кардааст, ки дар ин таркиш даст надорад.

Мақомоти Афғонистон тахмин мезананд, ки ин таркишро шӯришиёне анҷом додаанд, ки дар Покистон паноҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG