Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Радиои Озодӣ аз таҳдидҳо ба Хадича Исмоилова


Раҳбарияти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз мақомоти Озарбойҷон даъват кард, ки идомаи маҳдудсозӣ ва таҳдид ба хабарнигор Хадича Исмоиловаро тафтиш кунанд. Хадича муаллифи чанд пажуҳиши хабарнигорӣ ва хабарнигори бахши озарии Радиои Озодист.

Чанд рӯз пеш дар интернет навори видеоие пайдо шуд, ки дар он ҳуқуқи Хадича барои зиндагии хусусӣ нақз шудааст. Ҳамзамон мусоҳибаи тақаллубӣ бо як ҳамкори Хадича пайдо шуд, ки дар талош шудааст то хабарнигорро бадном созанд.

Кафили раҳбари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Кевин Клоуз аз ҳукумати Озарбойҷон хост, ки пуштибонӣ ва ҳимояти воқеии хабарнигоронро таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG