Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи тасодуфӣ 5 пулиси афғон кушта шудаанд


Дар як ҳамлаи тасодуфии ҳавопаймои Амрико дар Афғонистон, 5 маъмури пулиси афғон кушта шудаанд. Ҳодиса шоми чаҳоршанбе дар вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайвастааст. Нерӯҳои махсуси афғон дар ҷанг алайҳи Толибон ҳавопаймоҳоро ба ҳимояти худ даъват кардаанд ва ба гуфтаи Брайан Гейтвуд, сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон, ҳавопаймои амрикоӣ ба маҳалли ҷанг ҳозир шуда ва тасодуфан 5 маъмури пулисро кушта ва ду тани дигарро захмӣ кардааст. Маълум нест, чанд Толиб дар ин ҷанг кушта шудаанд. Қурбон шудани афроди бегуноҳ бар асари ҳамлаҳои тасодуфии нерӯҳои ғарбӣ яке аз сабабҳои аслии таниш дар миёни ҳукумати Ҳомиди Карзай ва муттафиқони байналмилалии он будааст.
XS
SM
MD
LG