Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бархӯрди худро ба қонуншикании хориҷиён сахттар кардааст.

Хориҷиён бо раводиди ҷаҳонгардӣ вориди Тоҷикистон мешаванд ва бо ёфтани ҷойи кор дар ин ҷо муқим мегарданд. Дар як амалиёти муштараки Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои интизомию амниятии Тоҷикистон, ки бист рӯз идома ёфт, қонуншикании 418 шаҳрванди хориҷӣ ошкор гашта, 114 нафари онҳо аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд.



Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки бо иттиҳоми нақзи қонунҳои будубош дар маҷмӯъ дар нимаи аввали соли ҷорӣ 230 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Матлаб дар бораи ихроҷи хориҷиён аз Тоҷикистон.

Дар бораи мансубияти ихроҷшудагон Нозимшоҳ Маҷидов, як масъули Хадамоти муҳоҷират дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи 1 август гуфт: «аз Чин нисбат ба 141 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд ва 65 нафари онҳо аз кишвар ихроҷ гардиданд. Умуман шаҳрвандони 27 давлатро ба қайд гирифтагӣ ҳастем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқвайронкунӣ кардаанд. Яъне дар ин қатор намояндагони Чин, Русия, Афғонистон, Туркия, Эрон, Украина, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва дигар кишварҳо мебошанд».

Дар ҳоле ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар барои худ ҷойи кор намеёбанд, хориҷиҳо аксаран дар соҳаҳои сохтмон, савдо, истеҳсолот, коркарди оҳан, варзиш, маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ, алоқаву авиатсия ва геология барои худ шуғл ва даромад пайдо кардаанд.

Муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Анвар Бобоев мегӯяд, шаҳрвандони хориҷӣ барои кор кардан дар қаламрави Тоҷикистон бояд иҷозаи расмӣ гиранд ва раводиди ҳузури онҳо дар кишвар бар пояи чунин иҷоза дароз карда мешавад.

Вай меафзояд, «он хориҷие, ки ба мо дархости расмӣ кард ва аз мо иҷозаи корро гирифт вай расман ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ аст. Лекин он нафаре, ки ба Тоҷикистон бо раводиди сайёҳӣ ва ё бо мақсади таҳсил омадаасту дар ин ҷо кор мекунад, вай аллакай қонунҳои моро итоат накард. Вай муҳоҷир ҳисоб намехӯрад, зеро ғайриқонунӣ фаъолият дорад».

Бино бар омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба 3, 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ расман иҷозаи кор дар қаламрави Тоҷикистон дода шудааст. Аксари онҳо шаҳрвандони Чин буда, ҳамчунин афғонҳову эрониҳо, русҳову ҳиндуҳо ва туркон низ аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки дар шаш моҳи гузашта иҷозаи кор дар қамларави Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG