Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи 230 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон


Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 230 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуданд.

Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 1-уми август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ҷумла
кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияити миллӣ аз 13 то 31 майи соли ҷорӣ амалиёти "Нелагал - 2013"-ро анҷом доданд, ки дар пайи он "барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарори додгоҳ 114 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд".

Ҳамчунин вай таъкид кард, ки муддати шаш моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо, нисбати 418 шаҳрванди хориҷӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ тартиб дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 127 адад зиёд будааст."

Аммо муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар
ин давра дар нимсолаи аввал 11 ҳазору 602 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ширкатҳои хориҷӣ ба кор таъмин карда шуданд. Инчунин Анвар Бобоев гуфт, ки ба 3 ҳазору 458 шаҳрвандони хориҷӣ бо пешниҳоди ширкатҳо дар қаламрави ин кишвар иҷозаи кор дода шудааст.

Муҳоҷирати корӣ ба 15 кишвари ҷаҳон

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ин кишвар 571 ҳазору 209 шаҳрванд ба хориҷ сафар карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 72 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Анвар Бобоев гуфт, ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Узбакистону Озарбойҷон, Туркия, Олмон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинду Афғонистон, дар маҷмӯъ ба 15 кишвар сафар кардаанд. Ҷаноби Бобоев афзуд, ки дар ин муддат 298 ҳазору 628 нафар ба Тоҷикистон баргаштанд.

Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯнд, ки дар муддати нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи намояндагии ин хадамот дар ҳаҷми 3 миллиону 617 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони кории тоҷик баргардонида шудааст, ки беш аз 2 миллион рубл нисбат ба соли пеш зиёд будааст.

Инчунин масъулон мегӯянд, ки бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 5 қарори судҳои ноҳиявии Маскав ҷиҳати аз Русия берун кардани муҳоҷирони тоҷик бо қарори суди болоӣ бекор карда шуд.

Ҳамчунин намояндагии Хадамоти муҳоҷират 504 шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия мустақиман бо кор таъмин кадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 266 нафар зиёд аст.

Ба иттилои масъулони Хадамот дар қаламрави Русия 1 миллиону 131 ҳазор муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд ва 84 дарсади онҳо ба касбомӯзӣ ниёз доранд.

Депорти шаҳрвандони тоҷик

Ба иттилои масъулони Хадамоти муҳоҷират дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 1349 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия депорт шудаанд. Анвар Бобоев гуфт, аз миёни депортшудагон 164 нафараш занон будаанд. Ҷаноби Бобоев гуфт, ки 21 нафари депортшудагон дар пайи қарори додгоҳ ихроҷ шудаанд. Муовини раиси Хадамоти муҳоҷират сабаби депорт шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар нақзи қонунҳои Русия арзёбӣ кард.

Дар бораи раводид

Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон "ҷорӣ шудани низоми раводид ба манфиати Русия ё Тоҷикистон нест".

Ахиран бархе аз сиёсатмадорони рус, ба хусус комунистони ин кишвар дар маврид ҷорӣ кардани низоми раводид миёни Русия ва Тоҷикистон садо баланд карданд. Ҷаноби Бобев мегӯяд. "ҷорӣ кардани визо назари бархе аз мансабдорони рус буда мавзеи мақомоти Русия нест. Ҳамзамон ҷаноби Бобоев гуфт, ки талош хоҳад шуд, ки ҷойҳои нави корӣ дар кишвар фароҳам шавад ва аз сӯи дигар самтҳои нави муҳоҷирати корӣ ба дигар кишварҳо ҷустуҷӯ мешавад.

Ин дар ҳоле, ки ба таъкиди Анвар Бобоев, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо панҷ кишвар, аз ҷумла Украина, Арабситони Саудӣ, Қатар, Қувайт ба имзо расонидааст, ки дар пайи он интиқоли неруи корӣ ба хориҷи кишвар густариш меёбад. Зимнан, ба иттилои масъулони Хадамоти муҳоҷират дар нимсолаи аввал ду нафар ва он ҳам мард ба Арабистони Саъӯдӣ барои кор фиристода шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG