Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси сил дар Тоҷикистон беҳтар шудааст


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ, назорат ва ташхиси бемории сил ба пешрафти чашмгире даст ёфтааст. Аммо гуфтааст, ин созмон дар табобати гирифторон ба сили муқовим ва нигоҳубини беморон мушкилӣ вуҷуд дорад, ки бояд ба он расидагӣ шавад. Дар ин бора Доро Масъуд, як намояндаи бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе сӯҳбат кардааст. Дар баёнияи расмии созмон дар ин замина омадааст, Тоҷикистон дар ташхиси гирифторони сил тайи солҳои гузашта ба пешрафт даст ёфтааст, вале ҳанӯз аз кишварҳои дигари минтақа ақиб мемонад. Аз ҳисоби 6850 гирифторони расман сабтшуда дар соли 2012, 80 дар сад, ё тақрибан 5500 онҳо бори аввал ташхис ва сабт шудаанд. Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, талошҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ ва назорати бемории силро арзёбӣ карда ва ба ин натиҷа расидаанд. Чунин арзёбӣ дар кишварҳо ҳар 3 ё 5 сол сурат мегирад ва дар Тоҷикистон бори охир соли 2009 анҷом шуд.
XS
SM
MD
LG