Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Террористони хатарнок" аз зиндони Покистон гурехтаанд


Толибон дар Покистон бо ҳамлаи ҳамоҳангшуда ба як зиндони Покистон бештар аз 250 маҳбусро озод кардаанд. Суҳайл Холид, сардори пулиси шаҳри Дараи Исмоилхон, гуфт, толибони саропомусаллаҳ бо гранатамёт ва минамёту дигар анвоъи аслиҳа рӯзи душанбе ба зиндони ҳамин шаҳр ҳамла кардаанд. Бар асари таркишҳо, девори зиндон рахна шудааст ва ба гуфтаи мақомот, “террористҳои хатарнок” ҳам аз он зиндон гурехтаанд. Гуфта мешавад, баъзе аз онҳо, аъзои Толибони Покистон ва гурӯҳи Лашкари Ҷангӣ, як шарики Ал-Қоида ҳастанд. Шаҳидулло Шаҳид, сухангӯи Толибони Покистон, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Дараи Исмоилхон дар манотиқи қабоилнишини Покистон, аз паноҳгоҳҳои аслии ифротгароёни исломӣ ва Ал-Қоида воқеъ шудааст.
XS
SM
MD
LG