Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ҳукумати Исроил дар бораи музокироти сулҳ


Ҳукумати Исроил қарореро қабул кард, ки бар асоси он ҳаргуна созишномаи сулҳ бо Фаластиниён бояд дар раъйпурсии умумӣ гузошта шавад. Қарори мазкур дар остонаи музокироти сулҳ миёни ду тараф қабул шуд, ки бо миёнҷигарии Амрико эҳё шуд ва қарор аст, 30 июл дар Вашингтон сурат бигирад. Ҳукумати Исроил ҳамчунин аз порлумон хоҳад хост, то қарорро ҳарчӣ зудтар тасвиб кунад. Қарор буд, ҳукумати Исроил ҳамчунин пешниҳоди нахуствазир Бенямин Нетаняҳуро баррасӣ кунад, ки хостааст, ҳамчун ҳусни ният пеш аз музокироти сулҳ, 104 фаластиниро аз зиндон раҳо кунанд. Исми зиндониёнро ошкор накардаанд, аммо муҳофизакорон ва хешовандони қурбониёни хушунат ба ин пешниҳод мухолифат кардаанд.
XS
SM
MD
LG