Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимбеков мегӯяд, аз бозгашт ба Боку наметарсад


Рустам Иброҳимбеков, номзади мухолифони давлати Озарбойҷон ба мақоми раиси ҷумҳур мегӯяд, аз эҳтимоли боздошт шуданаш, тарсе надорад ва ба ватанаш бозмегардад. Ин драмманависи озарӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, қасд дорад, рӯзи 31 июл ба Боку бозгашта ва маъракаи омодагӣ ба интихоботро шурӯъ кунад. Ӯ афзуд, “мумкин аст, маро баъди фуруд омадан ва ё ду се рӯз баъд дастгир кунанд, вале медонам, ки ҳадафи аслии онҳо монеъ шудан ба ширкати ман дар интихобот ва имкон надодан ба сабти ном аст”.
Шӯрои Миллии Нерӯҳои Демократии Озарбойҷон аввали ҳамин моҳ, Рустам Иброҳимбековро номзад ба мақоми раиси ҷумҳур баргузид, то дар интихобот бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури феълӣ рақобат кунад. Бино ба гузоришҳои матбуоти маҳаллӣ, ҳукумати Озарбойҷон қасд дорад Рустам Иброҳимбековро дастгир кунад.
XS
SM
MD
LG