Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Справка диҳед, ки мо аъзои ҳизби наҳзат нестем"


Масъулони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Мӯъминобод мегӯянд, ки дар ин авохир чандин нафар ба онҳо муроҷиат кардааст, ки "ба мо справка диҳед, ки мо аъзои ҳизби шумо нестем." Сафар Ҳисайнов, раиси созмони ноҳиявии ҲНИТ дар Мӯъминобод рӯзи 25 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду рӯзи ахир 5 нафар аз ҷамоати Кулчашма ва Балховӣ назди мо омаданд ва гуфтанд, ки “ба мо справка диҳед, ки мо аъзои ҲНИТ нестем."
Ҷаноби Ҳисайнов гуфт, ки "ҳатто як нафари онҳо дар даст "справкаи тайёр" дошт, ки аз ҷамоат чоп карда ба дасташ доданд, ки рафта имзо ва мӯҳри ҳизби наҳзатро бигир ва исбот кун, ки узви ин ҳизб нестӣ". Масъули ҲНИТ дар Мӯъминобод мегӯяд, мақомоти ноҳия рӯйхати сокиноне вуҷуд дорад, ки бовар меравад, узви ҲНИТ бошанд ва мақомот бо ҳар роҳ талош доранд, то онҳоро аз "суфуф" -и ҳизб берун кунад. Сафар Ҳисайнов мегӯяд, дар моҳҳои охир 15 тан, аксаран аъзои ҲНИТ, аз фишори мақомот ба созмони ноҳиявӣ шикоят овардаанд. Ба иттилоъи Сафар Ҳисайнов, ҲНИТ дар ноҳияи Мӯъминобод 220 нафар узв дорад, ки аз онҳо 37 нафарашон занонад.
XS
SM
MD
LG