Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

560 сокини Суғд тайи 20 сол дар Русия бенишон шудааст


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, тайи 20 соли ахир 560 сокини вилояти Суғд дар Русия беному нишон шудаааст. Зайнура Шарифова, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи чоршанбе тайи нишасти хабарӣ гуфт, ки тайи 20 соли ахир 560 сокини вилояти Суғд барои пайдо кардани ҷои кор ба Русия рафта гум шудааст, ки то ҳоло аз онҳо хабаре нест. Вай зикр кардааст, ки ин рақам пас аз он, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират хона ба хона гашта бо сокинони вилояти суҳбат карданд, ошкор шуд. Ба гуфтаи хонум Шарифова, ҳоло аз рӯи ному насаби онҳо намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар Русия кӯшиш мекунанд аз гумшудаҳо хабаре пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG