Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нимҷазираи Синай се сарбози мисрӣ кушта шуданд


Дар шимоли нимҷазираи Синай рӯзи чаҳоршанбе се низомии мисрӣ кушта шуданд. Ба иттилои мақомоти Миср, ду сарбоз бар асари ҳамлаи афроди ношиноси мусаллаҳ ба постгоҳи низомӣ дар канори шаҳри Ал-Ариш ба ҳалокат расиданд. Чанд соат баъд як сарбози дигар ҳамгоми ҳамла ба мошини ҳарбӣ дар худи Ал-Ариш ҷон бохт. Ҳамлаҳои афроди мусаллаҳ дар нимҷазираи Синай баъд аз барканории раисиҷумҳури пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ дар рӯзи 3 июл афзоиш ёфтанд.

Генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ,вазири дифои Миср, рӯзи чаҳоршанбе аз мардуми кишвар хост, ки бар зидди хушунату терроризм раҳпаймоии сартосарӣ анҷом диҳанд. Ӯ дар як суханронӣ аз тариқи телевизион аз мардуми Миср хост, ки рӯзи ҷумъа дар ин раҳпаймоӣ ба таври густарда ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG