Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Эдвард Сновден муваққатан ҳақи паноҳандагӣ доданд


Эдвард Сновден дар миёна
Эдвард Сновден дар миёна
Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии кашф ё барномаҳои назоратии Амрико, ки аз 23 июн то ҳол дар фурудгоҳи байналмиллалии Шереметевои Маскав ба сар мебурд, санаде дарёфт кардааст, ки акнун бар асоси ин санад вай метавонад қаламрави транзитии фурудгоҳро тарк кунад.

Хабаргузории Интерфакси Русия навиштааст, рӯзи чаҳоршанбе ба Сновден санадеро супурдаанд ва ин санад ба вай муваққатан ҳақи паноҳандагӣ медиҳад. Интерфакс хабар додааст, ки Сновден дар соатҳои оянда метавонад қаламрави фурудгоҳро тарк кунад. Аммо то ҳол Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.

Амрико мехоҳад, ки Сновденро барои ифшогарии барномаҳои назоратии интернетӣ ба Амрико супоранд. Владимир Путин аз Сновден хостааст, ки маводи махфии кашфи Амрикоро ифшо накунад.
XS
SM
MD
LG