Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар Булғористон порламонро аз муҳосира озод кард


Саҳнае аз рондани эътирозгарон
Саҳнае аз рондани эътирозгарон
Дар София-пойтахти Булғористон пулиси зиддитазоҳурот садҳо нафар тазоҳуркунандагонро, ки бештар аз 100 нафар намояндагони порламон, вазирон ва рӯзноманигоронро зиёда аз 7 соат дар муҳосира нигоҳ медоштанд, пароканда кард. Тазоҳуркунандагон истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд.

Пулис субҳи рӯзи чаҳоршанбе намояндагони порламонро аз бино берун овард ва саддҳоеро, ки эътирозгарон барои бастани роҳҳои даромаду баромад аз бинои порламон гузошта буданд, аз миён бардоршт.

Пештар пулис талош кард, вакилони порламонро бо автобус аз дохили бино хориҷ кунад, вале ба эътирозгарон муяссар шуд, ки роҳҳоро банданд. Эътирозгарон “Мафия”, “Истеъфо” ва “Қотилон” садо мекарданд.

Сешанбе 40-ӯмин рӯзи эътирози пайдарҳами шабонаи зиддиҳукуматӣ дар ин кишвари ақибмондаи узви Иттиҳодияи Аврупо буд. Эътирозгарон мегӯянд, ҳукумат розӣ шудааст, ки дархости онҳоро дар бораи анҷоми ислоҳот, решакан кардани ришвахорӣ ва мубориза бо фақр бипазирад.
XS
SM
MD
LG