Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ду зиндони Ироқ беш аз 500 зиндонӣ фирор кардаанд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки дастикам 500 нафар зиндониён, аз ҷумла аъзои боломақоми Ал Қоида ҳангоми ҳамлаи тундравҳо ба маҳбас аз он ҷо фирор кардаанд. Ду ҳалаи ҳамоҳангшуда ба зиндони Тоҷӣ ва ба Абу Ғурейб дар як вақт шаби якшанбе оғоз шудааст ва чанд соат давом кардааст.

Ҳоким Замилӣ-узви Кумитаи амнияту дифои порламон гуфт, ки аксаран аъзои ал Қоида аз зиндон фирор кардаанд. Шуон Таҳ-узви порлоамон мегӯяд, ки аз 500 то 1000 нафар аз ду зиндон гурехтаанд.

Дар минтақаҳои дигар низ ҳмлаҳо ва даргириҳо мушоҳида шудааст. Дар чунин ҳамлаҳо 25 нафар аз нируҳои амниятии Ироқ кушта шудаанд ва 30 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG