Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбонони Узбакистон ҳамаи 5 чӯпони тоҷикро баъди як моҳи боздошт раҳо кардаанд.

Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент бегоҳи 22 июл дар ин бора ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Вай гуфт: “Ҳамин лаҳза ба ман мақомоти марзбонӣ гуфтанд, ки мақомоти Узбакистон ҳамаи 5 чӯпони дастгирнамудашонро дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон гузоштаанд.”




Ҷаноби Домуллоев гуфт, ба ин гуна натиҷа намояндагони мақомоти марзбонии тоҷику узбак дар мулоқоте, ки имрӯз дар марзи Панҷакент байнашон баргузор гардид, даст ёфтаанд. Қаблан мақомоти Узбакистон ваъда карда буданд ҳадди ақал ду чӯпони навҷавони аз Тоҷикистон дастгир ва ба кишвари худ интиқололдаашонро раҳо мекунанд. Аммо озод намудани ҳамаи 5 нафари дастгиршуда натиҷаи бобарори ин мулоқотро аён месозад.

Наздикони Тӯлибой Қурбонхоҷаев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чӯпонҳои раҳоёфта алакай ба Моғиён расида ва хона ба хона шудаанд.

Рӯзи 15 июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба Узбакистон бурданд ва то ҳол дар боздоштгоҳи пулиси вилояти Қаршӣ нигаҳ медоранд. Мақомоти Узбакистон сокинони марзии Панҷакентро ба сарҳадшиканӣ айбдор эълон кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса рӯзи 10 июл марзбонони узбак 4 наврас ва як мӯсафеди 74-соларо дар дараи Шохпази ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент низ ҳангоми алафдаравӣ боздошт карда, ба Узбакистон бурданд.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Панҷакент, дар мулоқоти рӯзи 22 июл мақомоти сарҳадбонии тоҷику узбак қарор кардаанд, киҳафтаи оянда низ дар хатти марз бо ҳам мулоқот намуда, сари “тақдир” - и минбаъдаи 5 сокини дастгиршудаи деҳаи Фароб гуфтушунид кунандхоҳанд кард.

Мақомоти тоҷик ба хотири раҳоии шаҳрвандони худ дар муддати як моҳи дар ҳабси Узбакистон қарор доштани онҳо бо сарҳадбонҳои узбак чанд маротиба гуфтушунид анҷом дода, ба озод намудани шаҳрвандони тоҷик хушбин буданд.

Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 80 дарсадаш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Узбакистон ҳанӯз дар соли 2000 ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Аз ин марзи мушкил пайваста дар бораи ҳалокату ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони ду кишвар дар майдонҳои минакоришуда ва боздошти афрод аз сӯи марзбонҳо гузоришҳо мерасанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG