Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Панҷакент мегӯянд, ки марзбонони Узбакистон боздошти 5 сокини Фароби Панҷакентро тасдиқ кардаанд


Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сарҳадбонҳои Узбакистон гуфтаанд, 5 сокини деҳаи Фароби ин маҳалро барои “сарҳадшиканӣ” дастгир карда, гуфтаанд, “онҳоро баъд аз таҳқиқи ҳодиса озод мекунанд.”




Худи ҷаноби Домуллоев бар он аст, ки ин 5 нафар барои дарави алаф сарҳади Узбакистонро убур кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар ин маҳал хатти сарҳад миёни Тоҷикистону Узбакистон расман муайян шуда буд ва мақомот сокинонро аз ворид нашудан ба хоки Узбакистон ҳушдор медоданд.

Мақомоти Панҷакент мегӯянд, барои раҳо кардани сокинони худ кор мебаранд ва рӯзҳои наздик мақомоти сарҳадбонии тоҷику узбак сари ҳалли ин мушкил бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.

Аммо Норчучук Эшмуродова, як сокини Фароб, ки дар ин қазияи марзӣ шавҳар, писар ва набераи ӯро ҳам ба Узбакистон бурдаанд, ба Озодӣ гуфт, иттиҳоми ҳангоми шикастани марз дастгир шудани шавҳару пайвандонашро қабул надорад: “Якбора дар ҳамин замин, ки “замини Назир” мегӯем ва азони Тоҷикистон аст, як гурӯҳ сарҳадбонҳои Узбакистон даромада, набераам Манучеҳри 12-сола, шавҳарам Мардон Бӯриеви 74 сола, писарам Сулаймон Бӯриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимовро дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Имрӯз 6 рӯз шуд, ягон кас ба фарёдамон намерасад.”

Ба гуфтаи холаи Норчучук, субҳи 10 юми июл, ки шавҳару пайвандонашро сарҳадбонҳои узбак аз заминашон дастгир карда бурданд, дар он хати марз марзбонҳои тоҷик ҳузур надоштанд: “Ҳамаи ин ба айби сарҳадбонҳои мо шуд. Онҳо ба ҷои сарҳадбонӣ мардикорӣ мекунанд. Агар сарҳадбонӣ мекарданд, шавҳараму бачаҳоямро сарҳадбонҳои Узбакистон аз замини худамон дошта намебурданд. Давлат ба онҳо пул медиҳад, хӯрок медиҳад, чаро сарҳадбонҳо сарҳадро холӣ монда, мардикорӣ мекунанд?”

Ҳамин тавр, дуруст як моҳ пеш сарҳадбонҳои узбак 5 чӯпони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакентро бо беш аз 2 ҳазор сар гову гӯспанди онҳо боздошт карда, ба Узбакистон бурданд.

Волидони ин 5 чӯпон мегӯянд, баъди як моҳи бехабарӣ фарзандонашон телефонӣ тамос гирифта ва гуфтаанд, ки тайи як моҳ боз дар боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии вилояти Қаршӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Намозалӣ Қурбохоҷаев, сокини деҳаи Моғиёни Панҷекант рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе писараш Тӯлибой Қурбонхоҷаев ва Меҳриддин Шамсиддинов аз Узбакистон занг зада гуфтаанд, ки пас аз боздошт ҳамаи онҳоро ба боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилии вилояти Қаршӣ интиқол доданд: «Онҳо ҳеҷ шикояте надоранд, Тӯлибой гуфт, ки аҳволи худашу шариконаш хубанд, фақат мехоҳанд зуд ба Панҷакент баргарданд. Кормандони милисаи Қаршӣ аз онҳо талаб кардаанд, ки ба волидонашон расонанд, то паспортҳояшонро ба Қаршӣ фиристонанд.»

Ба қавли падари ин чӯпонбачаи панҷакентӣ, ҳамакнун онҳо бо намояндагони ҷамоат ва ноҳия машварат доранд, ки паспортҳоро ҷамъ кунанд ва ба Қаршӣ бифиристанд.

Расо як моҳ пеш, рӯзи 15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурдаанд. Марзбонони узбак онҳоро ба марзшиканӣ айбдор мекунанд.

Тӯлибой Қурбонхоҷаев гуфт, «бовар кунед, ҳамин қадар аз мақомоти сарҳадбонӣ ва ҳукумати ноҳияи Панҷакент суроғи фарзандонамонро мекардем, ҳеҷ чӣ намегуфтанд, ҳоло ақаллан фаҳмидем, ки дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд, андаке ором шудем.»

Мақомоти ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ки кормандони бахши марзбонии вилояти Суғд тамоми талоши худро анҷом медиҳанд, ки чӯпонҳо баргардонида шаванд. Ҳоло онҳо мунтазири посухи номае мебошанд, ки ду ҳафта қабл ба мақомоти марзбонии Узбакистон дар робита ба сарнавишти панҷ чӯпон ва рамаи гӯсфандҳои онҳо ирсол дошта буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG