Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 5 сокини Фароб ҳангоми алафдаравӣ дар марзи Узбакистон


Марзи Тоҷикистону Узбакистон (Акс аз бойгонӣ)

Марзи Тоҷикистону Узбакистон (Акс аз бойгонӣ)

Раиси ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент боздошти 5 сокини маҳаллӣ, бо шумули 4 наврас, аз тарафи марзбонони Узбакистонро тасдиқ кард.

Баҳриддин Шамсиддинов рӯзи 11 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, 4 наврас ва як мӯсафеди 74-соларо соати 18-и шоми 10 июл дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ гирифтаанд ва зоҳиран ба Узбакистон бурдаанд. Раиси ҷамоати Фароб гуфт, ҳоло мақомоти маҳаллӣ ва марзбонҳо ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ карда истодаанд.

Баҳриддин Шамсиддинов афзуд, ки боздоштшудаҳо сокинони деҳаи Фароб Бӯриев Мардон, Бӯриев Сулаймон, Бӯриев Манучеҳр, Билолов Исрофил ва Шоҳрух Қосимов мебошанд. «Ҷое ки инҳо алафдаравӣ мекарданд, ҳарчанд ба хоки Тоҷикистон тааллуқ дорад, вале хатти мамнӯъи марз буда, ба онҷо ворид шудан мамнӯъ буд ва сарҳадбонони Узбакистон онҳоро аз ҳамон ҷо гирифтаанд,» - мегӯяд Баҳриддин Шамсиддинов. Вале ӯ афзуд, «дар ҳоли ҳозир мо наметавонем мушаххасан бигӯем, ки онҳо хатти марзро убур кардаанд ё не?»

Раиси ҷамоати Фароб меафзояд, ки пас аз боздошти чӯпонҳо дар Моғиён мақомот ба мардум фаҳмондаанд, ки ба хатти марз наздик нашаванд ва моли худро роҳ надиҳанд, вале сокинон ин ҳушдорҳоро чандон ба эътибор намегиранд . Раиси ҷамоати Фароб мегӯяд, ки онҳо акнун бояд барои раҳоии бачаҳо ҳамроҳ бо масъулони қисми марзбонӣ бо мақомоти Узбакистон музокира кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Норчучук Эшонова, модаркалони се тан аз боздоштшудаҳо ба радиои Озодӣ гуфт, ки вақте набераҳои ӯ дар мавзеъи марзии Шохпаз алаф медаравиданд, марзбонони Узбакистон омада, бе ҳеҷ сабаб онҳоро ба он суи марз бурданд. «Дина соати 6 бегоҳ буд. Дар пеши чашми ман 20 солдати Узбакистон сари замин даромаданду бачаҳоро печонданду бурданд. Мо ақаллан натавонистем пурсем, ки барои чӣ мебаранд?» - мегӯяд Эшонова Норчучук.

Ин мавриди нави боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи ноҳияи Панҷакент бо вилояти Самарқанди Узбакистон дар пайи рӯзи 15 июн 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо садҳо сар гову гӯсфанд зӯран ба он сӯи марз бурданд. Ҷамоати Моғиёни Панҷакент бо ноҳияи Ургути Самарқанд ҳаммарз аст.

Бо гузашти қариб як моҳ аз сарнавишти он 5 чӯпон ва беш аз 1000 сар гову гӯсфанди онҳо ҳанӯз дараке нест. Ҳарчанд мақомоти марзбонии Узбакистон ҳанӯз ду ҳафта пеш эълон карданд, ки подаи гову гӯсфандро ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар пайи ғасби як рамаи гӯсфанд дар қаламрави Узбакистон дар таърихи 7 июн аз сӯи афроди силоҳбадастест, ки бино ба иддаои марзбонони узбак, аз қаламрави ноҳияи Панҷакент ворид шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, ин ҳодиса низ дар минтақаи Фароби марзи Тоҷикистон бо Узбакистон рух дода буд.

Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 80 дарсадаш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Узбакистон ҳанӯз дар соли 2000 ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Аз ин марзи мушкил пайваста дар бораи ҳалокату ҷароҳат бардоштани атбоъи ду кишвар дар майдонҳои минакоришудаи ин марз ва боздошти афрод аз сӯи марзбонҳо гузоришҳо мерасанд.
XS
SM
MD
LG