Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аъзои Ҷайшул Маҳдиро зиндонӣ кард


Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Бишкек 9 нафарро бо гуноҳи узвият дар созмони террористӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аз ҷумла се нафари онҳо бо гуноҳи узвият дар созмони Ҷайшул Маҳдӣ, як созмони ифротгарои дохилӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд. Созмони мазкурро ба бомбгузорӣ ва талош барои бомбгузорӣ дар охири соли 2010 ва аввали соли 2011 муттаҳам мекунанд. Додгоҳ шаш узви дигари ин созмонро аз 22 то ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Маъмурони амниятии Қирғизистон моҳи январи соли 2011 дар амалиёте раҳбари ин созмонро кушта ва даҳҳо узви онро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG