Талотум дар як варзишгоҳи шаҳри Набири вилояти Папуаи Индонезӣ, ки он ҷо шоми якшанбе мусибиқаи бокс мегузашт, боиси ҳалокати 18 нафар шуд. Тақрибан 40 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Бештари қурбониёни ҳодиса занону кӯдаконанд.
Баъд аз шикасти яке аз муштзанҳо дар варзишгоҳ занозанӣ шурӯъ шуд. Одамони зиёд сӯи даромадгоҳ шитофтанд ва дар натиҷа даҳҳо нафар зери пой монданд. Ба иттилои расмӣ, дар варзишгоҳ тақрибан яку ним ҳазор мухолисон ҳузур доштанд.