Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳсин Муҳаммадиев ҳайати нави дастаи мунтахабро ташкил кард


Мӯҳсин Муҳаммадиев
Мӯҳсин Муҳаммадиев
Мӯҳсин Муҳаммадиев-сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ситоди мураббиёнро ташкил кардааст. Ба ин ситод Олег Ширинбеков-сармурабии дастаи “Истиқлол” ва Рустам Қурбонов-раҳбари Академияи футболи Тоҷикистон дохил шудаанд.

Дарвозабонҳои дастаи мунтахабро мураббӣ амоншо Содатсайров машқ медиҳад. Масъули бахши омодагии ҷисмонии аъзои даста Асан Мустафоев хоҳад буд.

Бо ин гурӯҳ бори аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳнамоии Мӯҳсин Муҳаммадиев дар варзишгоҳи Хуҷанд 14 август бо дастаи Ҳиндустон бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG