Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин содироту воридоти коло рӯ ба коҳиш овардааст


Ҳукумати Чин мегӯяд, ки содироти солонаи ин кишвар дар моҳи июн 3 дарсад поин рафтааст, дар ҳоле ки воридот низ коҳиш ёфтааст. Маълумоте, ки рӯзи чаҳоршанбе раҳбарияти Раёсати гумрукҳо ба нашр расонд, нишон медиҳад, ки воридот дар моҳи июн бештар аз 174 миллиард долларро ташкил додааст, вале содирот 147 ба миллиард доллар расидааст.

Сухангӯи ин раёсат гуфтааст, ки сабаби коҳиши содирот камтар шудани эҳтиёҷ ба доду гирифти хориҷӣ дар саросари ҷаҳон ва арзиши кори содиркунандагон будаст.
XS
SM
MD
LG