Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили ҳукумати давраи гузори Миср идома дорад


Адлӣ Мансур ва Муҳммад Бародеӣ
Адлӣ Мансур ва Муҳммад Бародеӣ
Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти ҳукумати муваққат ё ҳукумати давраи гузори Миср ташкили ҳукумати худро давом доданд. Ҳафтае пеш баъд аз тазоҳуроти эътирозии сартосарӣ низомиён Муҳаммад Мурсиро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор карданд.

Адлӣ Мансур-раиси ҷумҳури муваққат рӯзи душанбе Ҳозим Бебловӣ-вазири молии пешин ва иқтисоддонро нахуствазир ва Муҳаммад Бародеӣ-дипломати СММ-ро муовини раиси ҷумҳур дар умури байналмиллалӣ таъйин кард.

Сухангӯи Адлӣ Мансур гуфт, ки дар кобина ба гурӯҳи исломгароён аз Ихвонулмуслимин, яъне аз ҳизби Озодӣ ва Адолати Муҳаммад Мурсӣ низ мақомҳо дода мешавад.
Рӯзи сешанбе Ихвонулмуслимин харитаи роҳи Мансурро дар бораи баргузории интихоботи порламонӣ дар давоми 6 моҳи оянда рад кард.
XS
SM
MD
LG