Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи беморхонаи сил дар Хатлон


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи якшанбе беморхонаи вилоятии бемориҳои сил, дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон расман ифтитоҳ шуд. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, беморхонаи табобати сил бо маблағи 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар он ҳуҷраҳои гармдармонӣ, намакдармонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ барои шуғли беморон, ҳуҷраҳои варзиши ва китобхона фароҳам оварда шудааст. Ин беморхона пас аз беморхонаи табобатии сил дар ноҳияи Восеъ, дуввумин табобатгоҳи хоси сил дар вилояти Хатлон буда, дар он бемор ба муддати 8 моҳ табобати ҳатмӣ мегирад.

Ҳадаф аз бунёди ин беморхона таҳти назорати ҳамаҷониба қарор додани вазъи сил дар вилояти Хатлон буда ва ҳамзамон барномаҳои коҳиши мизони силро иҷро кардан мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати тандрустии Тоҷикистон, то соли 2009 дар миёни ҳар 100 ҳазор нафар бештар аз 88 нафар гирифтори сил буд, ҳамакнун ин рақам дар соли 2011 то 78 нафар коҳиш ёфт. Аммо мутаассифона марг бар асари беморӣ дар Тоҷикистон назар ба гузашта афзоиш ёфтааст. Тибқи омори вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон соли 2012 ба ҳисоби миёна аз сад ҳазор аҳолӣ 4 нафар ба иллати гирифторӣ ба бемории сил фавтидаанд. Ба гуфтаи вазорат, ҳарчанд дар ду соли ахир гирифторӣ ба бемории сил камтар шудааст, вале бинобар душвор боқӣ мондани вазъи иҷтимоӣ ва норасоии хӯроки серғизо, шумораи мубталоёни ин беморӣ ба миқдори қобили мулоҳиза коҳиш наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG