Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Миср тазоҳуротро иҷоза доданд, агар ба амният таҳдид накунад


Низомиёни Миср қавл доданд, ки ҳақи эътирозро замонат медиҳанд, вале ҳушдор доданд, ки бар зидди ҳар амале, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад, даст ба иқдом хоҳанд зад. Ин изҳороти низомиён дар шабакаи иҷтимоии Facebook қабл аз оғози раҳпаймоии барномарезишудаи исломгароҳо ба нашр расид.

Гурӯҳҳои исломӣ бар зидди иқдоми низомиён, ки Муҳаммад Мурсиро аз мақом барканор карданд, тазоҳуроти эътирозӣ анҷом медиҳанд. Қабл аз ин изҳорот низомиён раҳбари Ихвон-ул-муслиминро, ки аз Мурсӣ ҷонибдорӣ мекунад, боздошт намуданд.
Ихвон-ул-муслимин барканории Мурсиро табуддулот арзёбӣ карданд ва мегӯянд, ки Мурсӣ нахустин раиси ҷумҳури ба таври демократӣ интихобшуда дар Миср мебошад.
XS
SM
MD
LG