Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 9 июл оғоз мешавад


Шӯрои Уламои Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро сешанбеи 9 июл таъин кард.
Ин тасмим 2 июл дар нишасти аъзои Шурои Уламои Тоҷикистон бо ширкати имомхатибон ва намояндаи Кумитаи дин гирифта шуд.

Оғози моҳи Рамазон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон дақиқ шудааст.

Дар ин ҷаласа таъкид гардид, "азбаски Тоҷикистон минтақаи куҳисонист ва 36 соати аввал бо чашм дидани моҳи нав имкон надорад, ба ин хотири рӯзи нахусти моҳи Рамазон таърихи 9 июл таъин гардидаааст.

Дар бархе кишварҳои дигари мусалмоннишин оғози моҳи Рамазон рӯзи душанбе, 8 июл таъин гардидааст.
XS
SM
MD
LG