Пайвандҳои дастрасӣ

Мушаки Русия баъд аз партоб аз Байконур сарнагун шуд


Мушаки Proton-M дар ҳоли суқут дар Байканур

Мушаки Proton-M дар ҳоли суқут дар Байканур

Матбуоти Русия гузориш додааст, ки як рокет ё мушаки бесарнишини Русия, ки се моҳвораро ба фазои кайҳон бояд интиқол медод, баъд аз партоб аз майдони кайҳонии Байконури Қазоқистон ба замин сарнагун шудааст. Дар бораи ҷароҳати касе аз ин ҳодиса гузориш дода намешавад.

Шабакаи давлатии телевизиони Россия-24 наворҳоеро аз ҷараёни суқути мушаки Proton-M ба намоиш гузоштааст. Дар ин навор дида мешавад, ки мушак баъд аз чанд сонияи партоб самти парвози худро тағир додааст ва дар ҳаво ду пора шуда ба замин афтодааст ва дуди ғализи зард ба ҳаво бархостааст.

Талъат Мусобоев-раиси ширкати Казкосмос гуфтааст, вуруд ба майдони кайҳонии Байконур мамнӯъ мебошад.

“Нируҳои Русия маркази парвозҳоро муҳосира кардаанд ва касе наметавонад ба он ҷо дохил шавад, ҳар касе, ки ба он ҷо медарояд, ҳар лаҳза метавонад ба ҷонаш хатар таҳдид кунад”.

Бино ба хабари Интеррфакс, масъулини ниҳодҳои фавқулодда масъалаи кӯч додани аҳолии маҳалли ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд, зеро хатари олуда шудани онҳо аз газ вуҷуд дорад.

Шабакаи Россия-24 мегӯяд, ки арзиши талафот аз ин се моҳвора 200 миллион долларро ташкил медиҳад. Хабаргузоориҳо аз қавли мақомот мегӯянд, ки сабаби ин ҳодиса шояд мушкилӣ дар муҳаррик, яъне мотор ва ё дар таҷҳизоти идораи парвоз бошад.
XS
SM
MD
LG