Пайвандҳои дастрасӣ

103 қитъаи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Харитаи Қирғизистон

Харитаи Қирғизистон

Раҳбари гурӯҳи кории масъули таъйину аломатгузории марзҳои Қирғизистон гуфтааст, ин кишвар алакай дар соли 2014 созишномаи комили марзӣ бо Қазоқистонро имзо хоҳад кард, вале ҳанӯз “касе гуфта наметавонад ки аломатгузории марзҳо бо Тоҷикистону Узбакистон кай такмил хоҳад шуд.” Қурбонбой Искандаров дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст: “Дар мавриди Тоҷикистону Узбакистон мо ҳар санади бойгониро бояд мӯшикофона биомӯзем. Мо танҳо он қитъаҳои марзиро аломатгузорӣ мекунем, ки тарафҳо нисбаташ назари яксон доранд.” Қурбонбой Искандаров гуфтааст, дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон 58 қитъаи баҳсӣ ва бо Тоҷикистон 103 қисмати мушаххасношуда ва мавриди баҳси тарафҳо боқӣ мемонад. Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Искандаров, то имрӯз танҳо 519 километраш тасдиқ шудааст.
XS
SM
MD
LG