Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии вилояти Маскав мухолифи даст кашидан аз муҳоҷирон аст


Андрей Воробёв-иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Маскав бар зидди пешниҳоди ЛДПР – и Владимир Жириновский изҳори назар кард. Ин ҳизб пешниҳод карда буд, ки барои 5 сол вуруди муҳоҷирони кории хориҷиро ба Русия мамнуъ эълон кунанд.

Воробёв гуфтааст, ки муттаассифона ин ақидаи хуб нест ва ягон кишвари пешрафта ва ё дар ҳоли рушд наметавонад аз муҳоҷирони корӣ даст кашад.

Воробёв ин суханонро дар як барномаи телевизионӣ аз шабакаи НТВ изҳор дошт. Вай гуфт, даст кашидан аз муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди Русия зарар дорад. Ба гуфтаи Воробёв, нисфи муҳоҷирони корӣ аз Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистонанд ва 30 дарсади онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG