Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 афсари Арманистон барои ҷосусӣ ба нафъи Боку боздошт шуданд


Афсарони арман дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ
Афсарони арман дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ
Хадамоти Амнияти Миллии Арманистон 3 нафарро боздошт кардаанд ва онҳоро барои ҷосусӣ ба нафъи Озарбойҷон муттаҳам медонанд. Рӯзи сешанбе хадамоти амниятӣ гуфтанд, ки хонум Моне Мовсисиён-афсари артиши Арманистон барои дар ихтиёри Озарбойҷон гузоштани маълумоти маҳрам тавассути интернет рӯзи шанбе боздошт шудааст.

Яке дигар аз афсарони гунаҳгоршудаи артиш афсари Қарабоғи Кӯҳистонист, ки соли 1990 аз Озарбойҷон ҷудо шудааст. Ин афсар ва як шахси дигар низ дар қаламрави Қарабоғи Кӯҳистонӣ боздошт шудаанд.

Дар эъломияе гуфта мешавад, ки ҳамаи ин афсаронро хадамоти махфии Озарбойҷон тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба хидмат гумордаанд.
XS
SM
MD
LG