Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар инфиҷори баме дар Димишқ-пойтахти Сурия 3 нафар кушта шудаанд. Бунгоҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия мегӯяд, дар ин инфиҷор, ки дар Рукн ал Дин рух дод, 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Телевизиони давлатии Сурия гуфт, се нафар дар Рукн ал Дин кушта шудаанд ва ин телевизион ин инфиҷорро ҳамлаи интиҳорӣ арзёбӣ кардааст. Хабар дода нашудааст, ки афроди кушташуда низомӣ будаанд ё афроди ғайринизомӣ.

Аз сӯи дигар, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи якшанбе аз шӯришиёни Сурия хост, ки минтақаҳои аз даст додаи худро дубора дар ихтиёри худ дароранд. Бино ба хабарҳо, ин минтақаҳоро гурӯҳҳои тундрави исломӣ забт кардаанд.
XS
SM
MD
LG