Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Толибон ва Амрико дар Доҳа ба таъхир афтод


Дафтари Толибон дар Доҳаи Қатар

Дафтари Толибон дар Доҳаи Қатар

Ҳукумати Покистон гузоришҳоро таъйид кард, ки дар тамосҳои Толибон бо Вашингтон кӯмак кардааст ва интизор меравад, ки ин тамосҳо сабаби музокироти мустақими ду ҷониб дар Доҳаи Қатар шавад. Аъзоз Аҳмад Чоудрӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Покистон дар ин бора рӯзи панҷшанбе изҳорот пахш кард.

Толибони Афғонистон нахустин дафтари худро рӯзи сешанбе дар Доҳаи Қатар боз ва Эълон карданд, ки омодаи музокирот бо Амрико мебошанд.

Интизор мерафт, ки рӯзи панҷшанбе ин музокирот оғоз шавад. Ҷеймс Доббинз-намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон гуфт, сафари худ ба Доҳаи Қатарро ба тахир андохтааст.

Аз сӯи дигар, Толибон рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки омодаанд, сарбозони амрикоиро, ки аз соли 2009 ба ин сӯ дар асорат ба сар мебаранд, бо 5 нафар Толибони боломақом дар боздоштгоҳи Гуантанамо доду гирифт кунанд.

Толибон мегӯянд, ки доду гирифти зиндониёну асирон шарти аввали оғози музокирот ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG