Пайвандҳои дастрасӣ

Дар робита бо кашфи амбори аслиҳа 9 нафар боздошт шуд


Иракли Гарибашвилӣ

Иракли Гарибашвилӣ

Дар Гурҷистон 9 нафар шахси гумонбар дар робита бо амбори кашфшудаи аслиҳа боздошт шуданд. Ин амбор дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ кашф шуд.

Ираклӣ Гарибашвилӣ-вазири корҳои дохила рӯзи чаҳоршанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки як нафар аз шахсони гумонбар корманди расмии вазорати дифоъ ва ду нафари дигар афсарони пешини пулис будаанд.

Иртиботи онҳо бо ин амбори аслиҳа рӯшан нашудааст. Рӯзи душанбе вазорати дохила эълон кард, ки дар ин амбор аслиҳаву муҳимот, маводи мухаддир, маводи тарканда ва ҳуҷҷатҳое кашф шудааст, ки мухолифони ҳизби Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистонро ҳадаф қарор медиҳад.

Ин амбор дар вилояти Самегрело воқеъ дар ғарби кишвар кашф шуда буд. Сухангӯи вазорат гуфта буд, ки дар ин амбор аксҳо ва феҳристи номҳо низ пайдо шудаанд, ки ба ҳизби Ҷунбиши миллии муттаҳидаи Саакашвилӣ тааллуқ дорад.

Ин ҳизб ба нақша гирифта будааст, ки дар сурати пирузӣ дар игнтихоботи порламонии соли гузашта одамони дар феҳрист бударо ба ҳабс бигирад.

Ҳамаи ин маводро дар бушкаҳо гирифтаанд ва онро дар амборе зери хок пинҳон кардаанд.

Дар интихоботи моҳи октябри соли 2012-и Гурҷистон эътилофи Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири кунунӣ пируз шуд.
XS
SM
MD
LG