Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай музокира бо Амрикоро ба таъхир андохт


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон музокирот бо Амрикоро ба таъхир андохт. Қарор буд ду ҷониб роҷеъ ба қарордод дар бораи боқӣ мондани нируҳои Амрико баъд аз соли 2014 дар Афғонистон бо ҳам музокира анҷом диҳанд.

Аймал Файзӣ-сухангӯи Карзай мегӯяд, раиси ҷумҳур музокиротро барои он ба таъхир андохт, ки суханону амалкардҳои Амрико роҷеъ ба музокироти сулҳи Афғонистон бо ҳам мутобиқат намекунад.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар бораи амалкардҳои зиддунақизи Амрико пиромуни сулҳи Афғонистон ҷузъиёт надод. Рӯзи сешанбе Амрикову Толибон эълон карданд, ки бо ҳам ба музокира менишинанд. Аммо Толибон розӣ нашудаанд дар ин музокирот мақомоти расмии Афғонистон ширкат ҷӯянд ва ҳатто ҳукумати Ҳомид Карзайро ба расмият қабул надоранд.
XS
SM
MD
LG