Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо Толибон ба гуфтӯгу мепардозад


Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, то чанд рӯзи дигар ба гуфтӯгуи мустақим бо Толибон мепардозанд, ки “аввалин қадам дар роҳи дароз” ба сӯи хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон аст. Эъломи мазкур баъд ифтитоҳи дафтари Толибон дар шаҳри Доҳа пойтахти Қатар садо дод. Толибон дар як баёнияи расмӣ гуфтанд, ки хостори муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя ҳастанд ва аз роҳи ҳалли сиёсии муноқиша дар Афғонистон ҳимоят мекунанд. Пештар аз ин Толибон гуфтанд, ки “истифодаи қаламрави Афғонистон” барои таҳдид ба кишварҳои дигарро маҳкум мекунанд. Мақомоти расмии Амрико баёнияи Толибонро аввали гом дар роҳи дурӣ ҷустан аз терроризми байналмилалӣ тавсиф карда, вале гуфтаанд, интизор доранд, ки Толибон дар ниҳоят муносиботашон бо Ал-Қоидаро қатъ мекунанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Кобул гуфт, як гурӯҳеро барои “гуфтӯгу дар бораи музокироти сулҳ бо Толибон” ба Қатар мефиристад.
XS
SM
MD
LG