Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Ҷӣ 8 дар Ирландияи Шимолӣ идома дорад


Мулоқоти дурӯзаи раҳбарони 8 кишвари бузурги санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 8 дар Ирландияи Шимолӣ идома дорад. Вазъи Сурия яке аз масъалаҳои аслии дастури рӯзи ин мулоқот ба шумор меравад.

Интизор меравад, ки дар ҳошияи ин мулоқот Владимир Путин ва Барак Обама-руасои ҷамоҳири Русияву Амрико низ бо ҳам дидор ва гуфтугӯ кунанд. Ҳафтаи гузашта Амрико эълон кард, ки шӯришиёни Сурияро мусаллаҳ мекунад, зеро иддао мешавад, ки режими Башор Асад аз аслиҳаи кимёӣ истифода кардааст.

Рӯзи якшанбе Путин аз тасмими ҳукумати худ дар бораи мусаллаҳ сохтани нируҳои Асад дифоъ кард ва гуфт, ки Русия тавофуқоти байналмиллалиро нақз накардааст.
XS
SM
MD
LG