Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мессӣ дар сарпечӣ аз пардохти андоз гумонбар мешавад


Ҳамлагари дастаи “Барселона” ва дастаи мунтахаби Аргентина Леонел Мессӣ ва падараш Хорхе дар пардохт накардани молиёт ба хазинаи Испания ба маблағи 5 миллион доллар гумонбар мешаванд. Додситони Каталония хабар дод, ки ин маблағ бояд аз сӯи хонаводаи Мессӣ аз соли 2006 то соли 2009 супурда мешуд.

Моҳи январи соли равон Леонел Мессӣ бори чаҳорум ба дарёфти ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” муваффақ шуд. Ӯ алҳол ягон футболбоз дар таърих аст, ки чаҳор сол паиҳам “беҳтарин футболбози сайёра” шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG