Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нопадид шудани як писарбачаи 6-сола дар Ҳисор


Дар ноҳияи Ҳисор як писарбачаи шашсола нопадид шудааст. Олимҷон Сафарови 6-сола рӯзи 5 июн, соати 11-и рӯз аз манзили зисташон берун рафта ва ҷустуҷӯи якҳафтаинаи ӯ натиҷае надодааст. Хоҷамурод Насриддинов, сокини шаҳри Душанбе ва тағои Олимҷони 6 сола рӯзи 11-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, барои он ба расонаҳо хабар надоданд, ки тайи ин як ҳафта онҳо аввал канали Ҳисор ва заминҳои кишту деҳаҳои ҳамсояро хабар гирифтаанд, то шояд аз ӯ асаре пайдо намоянд.

Ба гуфтаи Хоҷамурод Насриддинов, Олимҷони хурдсол ҳамон рӯз дар назди модараш бозӣ доштааст, вале баъдтар ба берун мераваду дигар нопадид мешавад ва ҳеҷ касе намедонад ва надидааст, ки ӯ ба куҷо рафтааст. Хоҷамурод Насриддинов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир фақат шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияро дар ҷараён гузоштаанд ва аз Радиои Озодӣ хоҳиш кард, ки рақамҳои телефонии ҳамроҳи наздиконашро низ барои хонандагони сомона маълум кунанд, то дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани Олимҷони хурдсол мусоидат намоянд.

+992 987 12 39 14
+992 919 40 23 61
+992 900 904 006
XS
SM
MD
LG