Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Туркия ҳамчунон идома дорад


Бо вуҷуди идомаи тазоҳуроти оммавӣ дар Туркия Ҳизби Адолат ва Тавсиаи нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдӯғон гуфт, ки интихоботи зудраси порлумонӣ баргузор нахоҳад кард. Мақомоти ҳизб гуфтанд, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ва раиси ҷумҳури Туркия бар асоси барнома соли оянда ва интихоботи порлумонӣ соли 2015 баргузор хоҳанд шуд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, рӯзи ҷумъа аз тазоҳургарон хост, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд, аммо бо вуҷуди ин тазоҳурот дар шаҳри Истанбул ва дигар гӯшаҳои Туркия идома кард. Тазоҳургарон ҳамчунон дар майдони марказии Истанбул мондаанд ва ҳазорон нафар аз тарафдорони дастаҳои аслии футболи шаҳр Бешиктош, Галатасарай ва Фенербахче, дар ин шаҳр раҳпаймоӣ карда ва хостори истеъфои Раҷаб Тайиб Эрдӯғон шуданд. Рӯзи шанбе, дар ноҳияи Қизилай дар маркази Анкара, маъмурони пулис бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпошӣ саъй карданд, тазоҳургаронеро пароканда намоянд, ки роҳҳоро баста ва оташбозӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG