Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Истаравшан»


Лаҳзаи аз бозии "Истиқлол" бо "Истаравшан"
Лаҳзаи аз бозии "Истиқлол" бо "Истаравшан"

Рӯзи шанбе, 8-уми июн се бозии даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ҳарсе бозӣ мизбонон ғалаба карданд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими меҳмон - «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 9-0 шикаст дод. Дарвоқеъ, ин ҳисоб дар мусобиқаи имсола натиҷаи рекордист.

Александр Кудряшов, легионери русиягии «Истиқлол», дар дақиқаҳои 3, 8 ва 35-ум се гол зада, хет-трик кард. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 50-ум ва 60-ум, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 57-ум ва 71-ум дуголӣ, Дилшод Восиев дар дақиқаи 7-ум ва Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилӣ, дар дақиқаи 38-ум якголӣ заданд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Тоҳир Зоиров, бозигари «Истаравшан», баъди хотимаи бозӣ барои дашном додани доварон корти сурх гирифт.

Дар бозии дигар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Мизбонон ба голи дар дақиқаи 25-ум задаи Ҷаҳонгир Алиев дар нимаи дувуми дидор бо ду гол посух доданд. Голҳоро Айдоҳ Наполеон , легионер аз Гана, дар дақиқаи 54-ум ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионер аз Эрон, дар дақиқаи 72-юм ба самар расонданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи «Металлург» тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2-0 мағлуб кард. Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 53-юм ҳисобро кушод. Голи дувумро Комил Саидов дар дақиқаи 90+1 аз ҷаримаи 11-метра зад.

Бозии охирини даври 10-ум рӯзи якшанбе, 9-уми июн миёни ду дастаи Душанбе – “Энергетик” ва ССКА “Помир” дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар соати 17:30 шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳамаи ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар ҳамаи 8 бозиашон пирӯз шудаанд, бо 24-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (28-2) дар зинаи аввал ва “Равшан” (14-2) дар зинаи дувум қарор доранд. Дастаи “Хайр” бо 14 имтиёз дар ҷойи севум аст.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 8 0 0 28-2 24
2 «Равшан» (Кӯлоб) 8 8 0 0 14-2 24
3 «Хайр» (Ваҳдат) 8 4 2 2 13-9 14
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 8 4 1 3 8-8 13
5 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 2 2 4 6-8 8
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
8 «Энергетик» (Душанбе) 7 2 1 4 6-9 7
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 7 0 3 4 2-8 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 8 0 2 6 3-20 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ «Истиқлол») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарсе – «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Комил САИДОВ ("Регар-ТАДАЗ") – 3-тӯбӣ.

Даври 10-ум
9 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30

«Энергетик» - ССКА «Помир». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30

ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.
«Хуҷанд» - «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Равшан» - «Истиқлол». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ - соати 17.30

«Истаравшан» - «Хайр». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
XS
SM
MD
LG