Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии “Хайр” бар ССКА “Помир” дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Ин бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми ҷумъа, 31-уми май дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барпо гардид.

Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Обидҷон Исмоилов, бозигари ССКА “Помир”, ҳисобро боз кард. Баъдан бозигарони “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, ба дарвозаи мизбонон ду гол заданд. Дар нимаи дувуми бозӣ ҳисоб тағйир наёфт.
Ин ғалаба ба дастаи “Хайр” имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот бо 11 имтиёз ба ҷойи севум барояд.

Дар ҳамин ҳол, дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ҳамаи 7 бозиашон пирӯз шудаанд, бо 21-имтиёзӣ пешсаф мебошанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (19-2) дар ҷойи аввал ва “Равшан” (13-2) дар ҷойи дувум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 7 7 0 0 19-2 21
2 «Равшан» (Кӯлоб) 7 7 0 0 13-2 21
3 «Хайр» (Ваҳдат) 7 3 2 2 11-8 11
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 3 1 3 6-8 10
5 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 3 1 4 7-14 10
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 2 2 3 5-6 8
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 2 2 4 4-8 8
8 «Энергетик» (Душанбе) 7 2 1 4 6-9 7
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 7 0 3 4 2-8 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 7 0 2 5 3-11 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») - 4 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр) – 3-тӯбӣ.

Даври 9-ум

7-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Равшан» - «Вахш». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 10-ум
8 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30
«Истиқлол» - «Истаравшан». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.
«Хайр» - «Хуҷанд». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

9 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Энергетик» - ССКА «Помир». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG