Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарони суриягӣ боз як истеҳкомро аз даст доданд


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо кӯмаки мусаллаҳони гурӯҳи шиаи “Ҳизбуллоҳ” деҳаи Буэйда – охирин истеҳкоми ошӯбгарон дар канори шаҳри Ал-Қусайра, воқеъ дар наздикиҳои марзи Лубнонро, ишғол карданд. Дар ин бора телевизиони давлатии Сурия хабар дод.

Маркази дидбони ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, аз сарнавишти садҳо нафаре, ки баъд аз суқути Ал-Қусайра ба деҳаи Буэйда фирор карда буданд, изҳори нигаронӣ кардааст.Раҳбари ин марказ Ромӣ Абдул Раҳмон ба хабаргузории France-Presse гуфт, ки онҳо наметавонанд бо намояндаашон дар минтақа тамос бигиранд.

Имрӯз дар назди як постгоҳи артиши Сурия дар шаҳри Ҳумс мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кард, ки, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, боиси ҳалокати 7 нафар шудааст. Расонаҳои расмии Сурия ҳам инро тасдиқ кардаанд ва аммо дар бораи шумораи қурбониён хабар надодаанд.
XS
SM
MD
LG