Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодии боди шадид дар ноҳияи Панҷакент қурбонӣ низ дошт


Дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд ба матбуот хабар додааст, ки дар натиҷаи офати табиӣ як кӯдак ҷон дода, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Бино ба хабари ин манбаъ, 6 июн боди шадид вазида, дар ҷамоати Хурмии ноҳияи Панҷакент Ҷамшед Ёдгорови 6 соларо мебарад ва вай ба оби канал афтода ғарқ мешавад.

4 нафар сокини дигари ҷамоатҳои Шинг ва Деваштич ба ҳамин гуна вазъият дучор шудаанд ва осеби ҷисмонӣ дидаанд. Онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Боди шадид дар Панҷакент боми 30 зонаи баландошёна, 18 симчӯби барқ ва 18 километр сими барқро ғароб кардааст.
XS
SM
MD
LG