Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Давлатманди Хол бо фарзандонаш ба Эрон


Давлатманди Хол, ҳунарманди маъруфи тоҷик бо ду писараш бо як барномаи консертӣ ба Эрон хоҳад рафт. Давлатманди Хол рӯзи 6 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сафар 17 июн оғоз ёфта, як ҳафта давом хоҳад кард. Ҳунарманди тоҷик гуфт: «Дар ин сафар маро ду фарзандам, ки овозхонӣ хоҳанд кард Лоиқшо ва Рӯзимад ҳамроҳӣ мекунанд ва мо дар Эрон чанд консерт хоҳем гузошт.» Суҳайлопур Гиромӣ, сарпарасти гурӯҳи мусиқии “Овои меҳрубонӣ” ба расонаҳои эронӣ гуфтааст, ки сафари Давлатманд Хол мебоист 24 май сурат мегирифт, аммо ба далели наздикӣ ба замони интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ин барномаи ҳунариро ба моҳи июн ақиб партофтаанд.
XS
SM
MD
LG