Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Туркия хост, тазоҳурот хотима ёбад


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, гуфт, ки бо вуҷуди эътирозҳои хушунатомези мардум, аз тарҳи баҳсбарангези навсозии майдони марказии Тақсим дар Истанбул даст нахоҳад кашид. Ӯ рӯзи шанбе қавл дод, ки назмро дар шаҳр барқарор хоҳад кард ва аз эътирозгарон хост, ки фавран тазоҳуротро бас кунанд. Пулиси Туркия рӯзи шанбе бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпош тазоҳургаронеро пароканда кард, ки бо талаби истеъфои Раҷаб Тайиб Эрдӯғон саъй доштанд, ба майдони марказии шаҳри Истанбул бирасанд. Дар шаҳри Анкара пойтахти Туркия тазоҳургароне, ки ба самти порлумон ҳаракат доштанд, бо маъмурони пулис даргир шуданд. Тазоҳуроту ҷанҷол дар Истанбул рӯзи ҷумъа шурӯъ шуд. Ҳазорон нафар аз сокинони шаҳр дар майдони Тақсим ҷамъ омада ва аз ҳукумат хостанд, дар ҷойи парку дарахтзори ин майдон, биноҳои нав насозад. Аммо пулис бо истифода аз гази ашковар онҳоро пароканда кард. Тазоҳурот ҳамчунин дар Анкара ва шаҳри Измир сурат гирифт, ки инро аломати хашми мардум аз ҳукумат ва ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсиа дар Туркия медонад.
XS
SM
MD
LG