Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академияи исломии ҲНИТ "муваққатан" баста шуд


Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар асоси огоҳиномаи Вазорати адлия фаъолияти Академияи исломии худро мутавақиф кард. Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси ин Академия рӯзи 29 май ба Радиои Озодӣ гуфт, кори ин ниҳод муваққатан боздошта шудааст: «Дар оянда боз дар шакли дигар ин академия фаъолият хоҳад кард. » Ҳафтаи гузашта вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) гуфт, ки як ҳизби сиёсӣ ҳаққи доштани Академияи исломиро надорад. Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, далели чунин вокуниши мақомот шояд ин буд, ки Академияи исломии ҲНИТ дар баҳсҳои мазҳабӣ мавқеъи мустақил дорад, ки бисёр вақт аз дидгоҳи мақомоти Кумитаи дин фарқ мекунад.
Бино ба гузориши ахири вазорати хориҷаи Амрико, мақомоти Тоҷикистон талош доранд, тамоми умури мазҳабӣ дар кишварро зери назорати худ биоранд ва аз ҳузури афроди мустақил дар ин саҳна ҷилавгирӣ кунанд.
Академияи исломии ҲНИТ дар сомонаи ҳизб низ як гӯшаи вижаи суолуҷавоб низ боз карда буд, ки ҳоло ин гӯша низ бардошта шудааст.
ҲНИТ умдатарин ташаккули сиёсии мухолифин дар Тоҷикистон ба шумор рафта, шумори аъзояш беш аз 40 000 нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG