Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми нав алайҳи нахуствазири собиқи Гурҷистон


Мақомоти интизомии Гурҷистон, алайҳи Иване Мерабишвили, нахуствазири собиқи ин кишвар, иттиҳомоти нав эълон карданд. Додситонии кулл шоми сешанбе эълон кард, ки Иване Мерабшивили ба фаро рафтан аз салоҳиятҳояш зимни тазоҳуроти моҳи майи соли 2011 дар шаҳри Тифлис муттаҳам мешавад. Ӯро, ки дабири кулли Ҳизби Ваҳдати Миллии Гурҷистон ва аз муттаҳидони раиси ҷумҳур Михайил Саакашвили аст, чанде пеш бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом, дуздӣ ва ришва додан ба раъйдиҳандагон дастгир карданд. Баъди ба қудрат расидани сарватманди гурҷӣ Бидзина Иванишвили, мақомоти интизомӣ чанде аз муттаҳидони раиси ҷумҳур Саакашвилиро бо иттиҳомоти гуногун боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG